Таҷлили Рӯзи оила дар Донишгоҳи омӯзгорӣ
Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Бо ибтикори Шӯрои занон ва духтарони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар ҳамоҳангӣ бо шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила 14-уми май дар толори бинои асосии таълимгоҳ конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Оила ва ҷомеа» баргузор шуд. Бино ба иттилои котиби матбуотии донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим дар конфронс ректори донишгоҳи омӯзгорӣ Абдуҷаббор Раҳмонов, мудири кор бо занон ва оилаи ноҳияи И.Сомонӣ Амина Мансурова, сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи Ҳукумати шаҳри Душанбе Саидабону Закиева ширкат намуданд.А.Раҳмонов зикр кард, ки тасмими баргузории конфронс дар пайи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ба хотири ҳаёти хуши бонувону мусоидати беҳтарин созандагони оилаҳои солим гирифта шуд. Ҳамзамон мавсуф таъкид кард, ки яке аз меъёрҳои Кодекси оила баробарҳуқуқии зану шавҳар, бо хоҳиши худ ба шавҳар баромадан ва ҳамфикрӣ мебошад. Вақте оила месозед, ҳамаи ин ба назар гирифта мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






