Тайёр кардани мутахассисони рақобатпазир ба бозори меҳнатӣ
Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Рўзҳои 17-18 майи соли 2013 дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кўлоб конфронси илмию амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Тайёр кардани мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнатӣ дар шароити ҳамгироии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар ва Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо доираи васеи устодон, профессорон, олимони дохил ва хориҷи кишвар доир мегардад. Мавриди тазаккур аст, ки мавзӯи мазкур аз ҷониби Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ матраҳ гардид, ки он яке аз масъалаҳои муҳими Паём ба ҳисоб мерафт.Дар кори конфронс олимону муҳаққиқон аз муассисаҳо шарикони ҳамкори шаҳрҳои Иваново, Ярославл, Кастрома, Варонеж ва дигар шаҳрҳои Федератсияи Русия ширкат хоҳанд варзид. Тибқи иттилои котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар доираи ҳамкориҳои судманди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва муассисаҳои Федератсияи Россия аз ҳисоби бурсияҳои шарикон зиёда аз садҳо нафар ҷавонон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






