Такмили малакаи касбии омўзгорони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ
Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тайи солҳои охир ҳамчун шарики фаъол дар як силсила лоиҳаҳо ҳамкорӣ дар чаҳорчўбаи барномаи таълимотии TEMPUS-и Итиҳоди Аврупо ширкат меварзад, ки онҳо ба раванди баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мутобиқкунонии барномаҳои таълимии ихтисосҳои донишгоҳ ба барномаи таълимии сатҳи аврупоӣ, инчунин такмили маҳорати педагогӣ ва малакаи касбии ҳайати омўзгорони донишгоҳ равона гардидаанд.Дар доираи нақшаи чорабиниҳо яке аз чунин лоиҳаҳо, лоиҳаи ҳамкории аврупоии 158677-TEMPUS-DE-TEMPUS-JPCR «HEICA-Higher Education Initiative for Informatics in Central Asia» (Ташаббуси таҳсилоти олӣ дар соҳаи информатика дар Осиёи Марказӣ) ба ҳисоб рафта, охири ҳафтаи гузашта дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси якуми арзёбии натиҷаҳои лоиҳаи HEICA ва гузаронидани семинар-тренингҳои равияҳои алоҳидаи соҳаи технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати профессорӣ- омўзгории муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Шоҳигарии Шветсия, Ҷумҳурии Ўзбекистон) ширкат доштанд.Бояд тазаккур дод, ки ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои номбурда дар такмили маҳорати педагогӣ ва малакаи касбии омўзгорони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилоти олии касбии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад намуд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






