Таъсиси аввалин Маркази фарҳанг ва забони тоҷикӣ дар Русия
Душанбе, 14 май (АМИТ «Ховар», Содиқи Холзода).- Бо маблағгузории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар Донишгоҳи забоншиносии Маскав Маркази фарҳанг ва забони тоҷикӣ ифтитоҳ гардид. Тавре ки директори марказ Наврўзи Гулзод ба хабаргузории АМИТ«Ховар» хабар дод, ин аввалин Маркази фарҳанг ва забони тоҷикӣ дар қаламрави Русия мебошад. Дар расми ифтитоҳи ин Марказ сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев, ректори ДМТ, проффесор Маҳмаисуф Имомов ва муовини аввали вазири маорифи Тоҷикистон, профессор Фарҳод Раҳимов иштирок намуданд. Наврўзи Гулзод, директори ин ниҳод мегўяд, ки ифтитоҳи марказ дар шароите, ки фаҳмиши ҷомеаи Русия нисбат ба фарҳангу забони тоҷикӣ майл ба ғалат кардааст, барои ҳимояи манфиатҳои миллии мо мусоидат менамояд. Инчунин иттилоъ дода шуд, ки ректори ДМТ Маҳматсуф Имомов доктори фахрии Донишгоҳи давлатии Маскав шуд. Ректори Донишгоҳи миллӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ, доктори фахрии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов интихоб шуд. Гуфта мешавад, ки аз миёни олимони тоҷик теъдоди хеле кам ба унвони доктори фахрии ин донишгоҳи бонуфузи Русия пазируфта шудаанд.Маҳмаисуф Имомов муддати бештар аз 7 сол дар вазифаи ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия кор карда ва дар айни замон ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






