ТШСИ вазъи сармоягузориро беҳтар месозад
Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Чанде пеш дар шаҳри Сиднеи Австралия конфронси шашуми ҷаҳонии Ташшабусҳои шаффофият дар соҳаҳои истихроҷкунанда баргузор гардид, ки дар он 1200 нафар намояндагони 96 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд. Мувофиқи хабари Вазорати молияи кишвар, ҳайати Тоҷикистонро дар ин конфронс муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Рӯҳулло Ҳакимов сарварӣ мекард. Дар конронс самтҳои асосии стратегии рушди раванди Ташаббусҳои шаффофият дар соҳаҳои истихроҷкунанда, аз ҷумла тағйири Оинномаи созмони мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Ба Ташаббусҳои шаффофияти соҳаҳои истихроҷкунанда ворид шудани Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ҷолибияти сармоягузорӣ беҳтар сохта, мақоми кишвар дар амри шаффофияту масъулияти бахши даромаду хароҷот бори дигар тасдиқ гардад. Моҳи феврали соли равон дар ҷаласаи 22 – юми Раёсати ТШСИ дар шаҳри Ослои Шоҳигарии Норвегия Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми кишвари номзад ба узвияти ин созмонро касб намуда буд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






