Вохӯрии А.Раҳмонов бо донишҷӯёни тоҷик дар Томск
Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева),.-Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Абдуҷаббор Раҳмонов зимни сафари корӣ ба шаҳри Томски Федератсияи Русия, ки аз 21 то 26 май идома дошт, бо аспирантону магистрони тоҷик, ки хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгорӣ буда, дар асоси шартномаи ду таълимгоҳ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Томск идомаи таҳсил мекунанд, мулоқот анҷом дод.Тавре ки котиби матбуотии Донишгоҳи омӯзгорӣ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, дар вохӯрӣ А.Раҳмонов изҳор дошт, ки Донишгоҳи омӯзгорӣ барои баргузории чорабиниҳои фарҳангии миллати тоҷик дар Донишгоҳи омӯзгории Томск саҳмгузор мешавад ва дар ин ҷода муҳассилини тоҷикистониро дастгирӣ хоҳад кард. Мавсуф аз таҷлили Наврӯзи оламафрӯз дар Донишгоҳи Томск, ки имсол бо ибтикори аспирантону магистрони тоҷик дар сатҳи хеле олӣ баргузор гардид, ситоиш карда, ба раёсати донишгоҳи мазкур барои мусоидат миннатдорӣ баён намуд.А.Раҳмонов ҳамчунин таъкид дошт, шуруъ аз соли таҳсили оянда конфронсҳои онлайнӣ ташкил хоҳанд шуд, ки барои тақвияти раванди донишандӯзӣ ва равобити судманд миёни ҳар ду донишгоҳи омӯзгорӣ заминаи хуб фароҳам меоваранд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






