Вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафири Олмон
Душанбе, 24 май (АМИТ «Ховар»).- 23 майи соли 2013 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо хонум Дорис Ҳертрампф бинобар ба итмом расидани ваколаташ дар ҳайси Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти хотимавӣ анҷом дод. Зимни вохӯрӣ тарафҳо қаноатмандии худро роҷеъ ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон тайи чанд соли охир изҳор карда, умедвории худро аз рушд ва таҳкими ин муносибатҳо баён намуданд. Дар фарҷоми мулоқот вазири корҳои хориҷӣ ба хонум Дорис Ҳертрампф дар фаъолияти ояндаи касбиаш муваффақиятҳоро таманно кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






