Ёдбуди Лоиқ Шералӣ—муҷассамаи шукуҳманди назми тоҷик
Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов). — Пагоҳ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон донишҷӯёну устодон ва аҳли адаби кишвар аз 72-юмин солгарди зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи Рӯдакӣ ва ҷоизаи байналхалқии «Нилуфар» устод Лоиқ Шералӣ истиқбол мекунанд. Интизор меравад, ки дар ин маҳфил раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ ва дигар адибони машҳури кишвар иштирок ва суханронӣ намоянд. Ҳамчунин дар назар аст, ки маҳфили «Лоиқхонӣ» аз ҷониби донишҷӯёни ДМТ ба ҳозирин пешниҳод шавад. Лоиқ Шералӣ аз чеҳраҳои мондагори назми муосири тоҷик , 20-уми майи соли 1941-ум таваллуд шуда, 30-юми июни соли 2000-ум бар асари бемории қалб дар Душанбе вафот кардааст ва оромгоҳаш дар мазори Лучоб аст. Осори ӯ «Хонаи чашм», «Хонаи дил», «Варақи санг», «Офтобборон», «Резаборон», «Марди роҳ», «Ману дунё», «Фарёди бефарёдрас» аз китобҳои рӯимизии мардуми тоҷик буда, чандин китобҳояш дар Эрону Русия мунташир ва намунаҳои осораш ба забонҳои гуногуни олам тарҷума шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






