«Занги камолот» дар мактабҳои Тоҷикистон 7 июн садо медиҳад
Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Имсол «Занги камолот» дар мактабҳои Тоҷикистон рӯзи 7-уми июн садо хоҳад дод. Дар ин бора Вайсиддин Исмоилов, мутахассиси пешбари Раёсати ташкилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.Мавсуф афзуд, ки дар асоси қарори мушовараи Вазорати маориф аз моҳи декабри соли 2012 нақшаи таълимӣ таҷдиди назар карда шуд. Пештар 34 ҳафтаи таҳсил буд, лекин ҳисобот нишон дод, ки дар давраи истиқлолият рӯзҳои ҷашну идҳо 14 рӯзро ташкил медиҳад. Аз ҳамин лиҳоз хонандагон 34 ҳафтаро, ки дар нақшаи таълимӣ нишон дода шудааст, пурра намехонанд. Бино бар ин, занги камолот аз 25-уми май ба 7-уми июн гузаронида шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






