Ҳалокати 2 нафар аз беэҳтиётӣ
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар давоми ду рӯзи охир ҳангоми оббозӣ дар дарёҳои ҷумҳурӣ 2 нафар ба ҳалокат расид. Тарве ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд, 17 июн истиқоматкунандаи ноҳияи Исфара Абдурабӣ Бозоров, соли таваллудаш 2000 ҳангоми оббозӣ дар дарёи Исфара, мавзеи Роҳи оҳан ғарқ мешавад.Худи ҳамон рӯз, истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳринав Насрулло Назруллоев, соли таваллудаш 2003 ҳангоми оббозӣ аз беэҳтиётӣ дар канали ноҳияи Ҳисор ғарқ мешавад.Ҷасадҳои ғарқшудагон аз тарафи аҳолии деҳа ёфт гардида, ба наздиконаш супорида шуданд.Мувофиқи маълумоти соли 2012 бар асари риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ 113 нафар ба ҳалокат расида, 30 майи соли ҷорӣ бошад, шумораи ғарқшудагон дар ҷумҳурӣ ба 20 нафар расидааст, ки ин нишондиҳанда ниҳоят ташвишовар аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






