Ҳисоботи телефонии Раиси вилоят ва роҳбарони якчанд ноҳияҳои вилояти Хатлон ба Президент
Душанбе, 7 июн (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал ва раисони ноҳияҳои Фархор, Панҷ, Қумсангир, Ҷиликул ва Қубодиёну Шаҳритус телефонӣ ҳисобот доданд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳисоботи онҳо ба масоили вобаста ба ҷамъоварии ҳосили ғалладона, хусусан аз заминҳои обӣ ва вусъат додани кишти такрорӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, барои ташкили хуби кор дар ин самт супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки ҳосили ғалладонаи заминҳои обӣ бояд ҳарчи зудтар ҷамъоварӣ шуда, дар ҷойи он кишти такрорӣ ба роҳ монда шавад.Таваҷҷуҳи зиёд ба мавзӯи ҷамъоварӣ ва содироти меваю сабзавот ба хориҷи кишвар ва ҳамчунин ба захира намудани хӯроки чорво зоҳир карда шуд ва таъкид гардид, ки имсол обу ҳаво барои афзун намудани нишондодҳо дар самти кор басо мусоид омадааст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Ғайбулло Авзал ва роҳбарони ноҳияҳои номбурдаи вилояти Хатлон, ҳамчунин доир ба вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва афзун намудани нишондодҳои истеҳсолӣ дастуру ҳидоятҳо дод.Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






