Ҷаласаи роҳбарони мақомоти муҳоҷират
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 6 июн дар шаҳри Троитски Федератсияи Русия ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад. Тавре ки аз маркази матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, роҳбарони хадамоти муҳоҷирати кишварҳои аъзои ИДМ масоили мубрами вазъи муҳоҷират дар давлатҳои аъзои Иттиҳод, дурнамои ҳамкории мақомоти муҳоҷират дар бахши мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, таҷрибаи дар мақомоти муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ таъсис додани ниҳодҳои назорати тартиби буду боши шаҳрвандони хориҷӣ, ҳамкории мақомоти босалоҳият аз рӯи масоили таҳияи созишномаҳои дуҷониба барои татбиқи принсипу механизмҳои умумии ҷалби муташаккили муҳоҷирон барои фаъолияти меҳнатӣ дар давлатҳои аъзои ИДМ ва ғайраро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.Роҳбарии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ – ро сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ, узви Шӯро Сафиалло Девонаев ба ӯҳда дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






