Ба маблағи 100 миллион сомонӣ иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд
Душанбе, 28 июн.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-Ба ифтихори 16-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ- 27 июн, ки дар саросари Тоҷикистон бо шукуҳ таҷлил гардид, дар пойтахти кишварамон- шаҳри Душанбе хонаҳои истиқоматӣ, мактаб ва майдончаҳои варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, дар асоси анъанаҳои шаҳрдорӣ ба маблағи 101 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр ва субъектҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла мактаб барои 320 ҷойи нишаст, 15 ҳазор м2 манзили истиқоматӣ, 4900 м2 майдончаҳои варзишӣ ба истифода дода шуданд. Ҳамзамон дар партави сиёсати ободонию бунёдкории ҳукумати кишвар беш аз 3 км роҳҳои пойтахт аз таъмири асосӣ бароварда шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






