Барқияи табрикӣ ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим Ибни Ҳамад Оли Сонӣ
Душанбе, 26 июн (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим Ибни Ҳамад Оли Сонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:“Боиси хушнудист, ки Шуморо ба муносибати ба даст гирифтани зимоми умур ба ҳайси Амири Давлати Қатар сидқан табрику таҳният гӯям ва бароятон дар сарварии кишвари ба мо дӯст дар марҳилаи навини рушду шукуфоӣ комёбӣ орзу намоям.Бо истифода аз ин фурсати фархунда изҳори боварӣ мекунам, ки муносибатҳои ҳамкории мутақобилан судманд минбаъд низ бо талошҳои пайгирона ба манфиати ду кишвар густариш хоҳанд ёфт”.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






