Д. Мезенсев: «Созишномаҳо ба нафъи кишварҳо татбиқ мешаванд»

Июнь 21, 2013 15:33

Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезенсев, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, масоили вобаста ба ҳамкориҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистон бо ин созмони бонуфуз баррасӣ гардиданд. Ба иттилои Дмитрий Мезенсев дар ин дидор мавзӯи омодагӣ ба ҳамоиши навбатии сарони кишварҳои аъзои созмон, ки дар назар аст, соли ҷорӣ дар Бишкек баргузор гардад, муҳокима шудааст. Номбурда аз сатҳи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар бахшҳо изҳори қаноатмандӣ карда, итминон намуд, ки созишнома ва санадҳои батасвибрасанда аснои баргузории ҳамоишҳои созмон ба нафъи кишварҳои аъзо татбиқ хоҳанд шуд. Дмитрий Мезенсев бо намояндагӣ аз Созмони ҳамкории Шанхай ҳавасмандии ин Созмонро ба густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳои созанда бо кишварҳои аъзо, алалхусус бо Тоҷикистон баён дошт.

Июнь 21, 2013 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад