Дастгирии Бонки ҷаҳонӣ аз амнияти озуқавории Тоҷикистон
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- 3-юми июни соли ҷорӣ Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ба лоиҳае бо маблағи умумии 45,9 миллион доллари амрикоӣ ифтитоҳ бахшиданд, ки мақсади он беҳтар намудани истеҳсолоти кишоварзӣ ва ташкили ҷойҳои кории муваққатӣ дар дувоздаҳ ноҳияи Тоҷикистон мебошад. Лоиҳа имкон медиҳад, ки зиёда аз 770 ҳазор нафар аҳолӣ дар дувоздаҳ ноҳияи вилояти Хатлон аз ҳосилнокии баланд, имкониятҳои иловагии ҷойи корӣ ва даромадҳои беҳтар баҳраманд шаванд.Лоиҳаи нав ба воситаи гранти Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (IDA) дар ҳаҷми 18 миллион доллари амрикоӣ ва гранти Барномаи Хазинаи трастии мултидонорӣ оид ба кишоварзӣ ва амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 27,9 миллион доллар маблағгузорӣ мешавад, ки маблағгузории онро Шӯрои директорони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ моҳи ноябри соли 2012 тасдиқ намуда буд. Лоиҳа мақсад дорад, ки тавассути имкониятҳо оид ба ҷойҳои кории ҷамъиятии муваққатӣ ва азнавбарқарорсозии инфрасохтори муҳими обёрӣ ва заҳбур ба зиёда аз 770 000 нафар аҳолии дувоздаҳ ноҳияи ҷануби Тоҷикистон дар вилояти Хатлон нафъ оварад.Гуфта мешавад, соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон гирандаи калонтарини маблағгузории умумии Бонки ҷаҳонӣ мебошад, ки то имрӯз зиёда аз 280 миллион доллари амрикоӣ ба ин соҳа равона шудааст.Алҳол маҷмӯи лоиҳаҳои фаъоли Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз 15 лоиҳа иборат мебошад, ки ба онҳо маблағи умумии 271 миллион доллари амрикоӣ сафарбар мешавад.Дар ин бора аз Дафтари матбуоти Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хабар доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






