Хадамоти муҳоҷират муроҷиати шаҳрвандонро қонеъ мегардонад?

Июнь 14, 2013 15:09

Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Давоми панҷ моҳи аввали соли 2013 ба бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷират 1903 нафар шаҳрвандон муроҷиат кардаанд. Аз Хадамоти муҳоҷират ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз ин шумора 335 нафар оид ба санҷиши депортатсия, 38 нафар барои гирифтани иҷозати кор ва патент, 44 нафар оид ба вакансияҳои ҷойҳои кори холӣ дар хориҷа, 22 нафар оид ба тартиби барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, 639 нафар оид ба навоварӣ дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Русия, 47 нафар бо аризаҳои хаттӣ оид ба пардохти музди меҳнат, бедарак гаштани хешовандони наздик ва овардани онҳо ба Ватан, ғайриқонунӣ ба Ватан аз Федератсияи Россия баргардонидан, барои таъмин кардан бо ҷойи кор дар Федератсияи Русия ва 778 нафар тариқи телефони боварии шабонарӯзӣ муроҷиат намуданд. Ба муроҷиаткунандагон аз тарафи кормандони масъул маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода шуда, ба ҳар яки онҳо 10 намуд маводи иттилоотӣ оид ба қонунгузории нави Федератсияи Русия тақдим шудааст.

Июнь 14, 2013 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад