Имзои протоколи ҳамкорӣ
Душанбе, 28 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Чанде пеш Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ва муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Кувейт Холид Абдулло ал – Сақр дар ҳамоиши аҳли тиҷорат дар Кувейт Протоколи ҳамкориро имзо намуданд. Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш беш аз 150 нафар соҳибкорони Тоҷикистону Кувейт ширкат доштанд. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва истифодаи амволи давлатӣ Д.Саидов аз вазъи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва бахшҳои асосии иқтисодиёт ва имтиёзҳо барои сармоягузорони хориҷӣ нақл кард. Дар фарҷоми ҳамоиш мулоқоти дуҷонибаи байни тоҷирони ҳар ду кишвар баргузор гардида, дар ҷараёни он аз рӯи самтҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз ҷумла, дар бахшҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ саноати маъдан ва сайёҳии Тоҷикистон созиш ба даст омад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






