Имзои созишнома миёни Тоҷикистон ва 3 ширкати бонуфуз дар соҳаи нафт
Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Нимаи дуюми имрӯз дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов Созишномаи чаҳорҷонибаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корпоратсияи нафту гази Ҷумҳурии Мардумии Чин, ширкати Тетис Петролиюм ва ширкати Тотал ба имзо расид. Созишномаи мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, аз ҷониби Корпоратсияи нафту гази Ҷумҳурии Мардумии Чин президенти он Бо Чилян, аз ҷониби ширкати Тетис Петролиюм раиси иҷроияи ва президенти он Дэвид Робсон ва аз ҷониби ширкати Тотал ноиби аввали президенти он оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Майкл Борел имзо намуданд. Минбаъд, тибқи созишномаи мазкур Тоҷикистон бо ширкатҳои зикргардида ҳамкориҳои худро дар соҳаҳои энергетика, коркарди нафт ва амсоли он ба роҳ хоҳад монд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






