Иштироки О. Оқилов дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Дирӯз Оқил Оқилов, Сарвазири Тоҷикистон бо сарвазири Беларус Михаил Мясникович дар шаҳри Минск дар доираи ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ мулоқот кард. Дар мулоқот муносибатҳои иқтисодии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳар ду тараф барои ривоҷ додани муносибатҳо изҳори умедворӣ карданд.«Манфиатҳои ду кишвар дар ин самт ба ҳам мутобиқат мекунанд ва бо кӯмаки ҳамдигар метавон онро боз ҳам рушд дод, зикр намуд Михаил Мясникович, сарвазири ин кишвар зимни мулоқот.Дар навбати худ Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов зикр кард, ки: «Метавон муносибатҳои ду кишварро дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ рушд дод».Бояд гуфт, ки Оқил Оқилов барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ 30-юми май бо як ҳайати воломақом ба шаҳри Минск, пойтахти Беларус сафар кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






