Китобҳои тоҷикӣ дар китобхонаҳои миллии давлатҳои аврупоӣ

Июнь 17, 2013 15:46

Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар»). – Бо ташаббус ва дастгирии ҷамъияти тоҷикон дар Скандинавия ба китобхонаҳои миллии Финляндия, Шветсия, Норвегия ва китобхонаи шоҳии Дания китобҳои — «Меъмори сулҳ» ва «Хазинаи тиллоии Тоҷикон» тақдим гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Музаффарҷон Худойқулов, раиси Ассотсиатсияи дӯстии Финляндия — Тоҷикистон иттилоъ дод. Китоби «Меъмори сулҳ» ба заҳмату талошҳои бисёрсамтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тӯли 20 соли истиқлолияти кишвар бахшида шудааст. Китоби мазкур иқдомҳои наҷиб ва арзишманди Президент Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷодаи бунёди сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон, бозпас гардонидани гурезаҳо ва аҳолии тарки манзилнамуда ва барқарорсозии сохтори давлатӣ дар кишварро ба таври возеҳ инъикос мекунад.Китоби мазкур ба забони англисӣ ба табъ расидааст. Тарҷумаи китоби «Меъмори сулҳ « ба забонҳои русӣ, форсӣ, арабӣ, хитоӣ, фаронсавӣ ва немисӣ дар ҳоли омодагӣ мебошанд. Китоби «Хазинаи тиллоии Тоҷикон», ки муаллифаш вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳон Зарифӣ аст, намунаҳои нодири санъати амалӣ — ороишии тоҷиконро аз даврони қадим то ба имрӯз ҷамъ овардааст.«Хазинаи тиллоии Тоҷикон» равзанаи барҷастаи назарафканӣ ба ғановати фарҳангии мардуми тоҷик буда, ба тамоми хонандагони ҷаҳон пешкаш гардидааст, ки саҳми бузурги Тоҷикистонро ба мероси башарият таъкид месозад. Ин китоб бойгарии фарҳангии халқи тоҷик мебошад. Китоби мазкур ҳамчун намунаи пешбурд ва ҳифзи мероси фарҳангӣ дар байни кишварҳои аъзои ЮНЕСКО низ паҳн карда шудааст. Ин китоб ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, форсӣ, англисӣ, арабӣ, фаронсавӣ ва немисӣ ба табъ расидааст.

Июнь 17, 2013 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад