Кувайт омода аст лоиҳаҳои зиёди зербиноии Тоҷикистонро сармоягузорӣ кунад

Июнь 24, 2013 21:23

Душанбе, 24 июн (АМИТ «Ховар»).-Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Бунёди кувайтии рушди иқтисодии араб Абдулваҳҳоб ал Бадрро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявӣ баррасӣ шуд.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки аз маблағҳои қарзи имтиёзноки байналмилалии барои навсозии роҳи мошингарди Кӯлоб-Дарвоз ҷалбгардида 17 миллион доллараш саҳми Бунёди кувайтии рушди иқтисодии араб мебошад.Доир ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, роҳсозӣ, саноати кӯҳӣ, саноати сабуку хӯрокворӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ғайра гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.Абдулваҳҳоб ал Бадр омодагии Бунёди кувайтии рушди иқтисодии арабро, аз ҷумла ба сармоягузории лоиҳаи навсозии нақби обпартои нерӯгоҳи Бойғозӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои нави Шӯроб, Нуробод 1, Нуробод 2 ва дигар лоиҳаҳои зербиноӣ таъкид дошт.Хотиррасон бояд намуд, ки маблағгузории аксари ин лоиҳаҳо ба тариқи грантӣ сурат хоҳад гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 24, 2013 21:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд