М. Алимардон: «Омодагӣ ба ҳамоиши байналмилалӣ дар сатҳи баланд ҷараён дорад»
Душанбе, 4 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки рӯзҳои 20-21 августи соли 2013 дар Душанбе доир мегардад,дар сатҳи зарурӣ ва баланд ҷараён дорад». Ин матлабро Муродалӣ Алимардон- муовини Сарвазири ҷумҳурӣ, муовини раиси Кумитаи миллии тадорукоти Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дар дуюмин ҷаласаи Кумитаи байналмилалии ҳидояткунандаи /КБҲ/ Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, иброз дошт. Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа, намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалие, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, иштирок доштанд. Муродалӣ Алимардон роҷеъ ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди баргузории ин чорабинии муҳими сатҳи байналмилалӣ дар Душанбе гузориш дод. Мавсуф зикр кард, ки бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани конфронси мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи миллии тадорукотӣ таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов созмон дода шудааст, ки дар ҳайати он намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар шомил мебошанд. Инчунин гуруҳи корӣ аз ҳисоби коршиносони шинохтаи ватанӣ ва мутахассисон ташкил шудааст. Алҳол омодагӣ ҷиҳати баргузории конфронс дар сатҳи зарурӣ идома дорад, афзуд муовини Сарвазири ҷумҳурӣ. М. Алимардон илова кард, ки аз номи Сарвазири мамлакат ба унвонии ҳукуматҳои кишварҳо, роҳбарони баландпояи созмонҳои байналмилалӣ, хусусан институтҳои Созмони Милали Муттаҳид /СММ/, институтҳои байналмилалии молиявӣ даъватномаи расмӣ ирсол гардидааст. Ҳамзамон ба конфронс олимону коршиносон, инчунин ҷиҳати инъикоси васеи конфронс намояндагони ВАО даъват шудаанд. Дар ҷаласаи КБҲ-и конфронс инчунин Раҳмат Бобокалонов-вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Александр Зуев-намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон, Олчай Унвер – ҳамоҳангсози Барномаи СММ оид ба баҳодиҳии захираҳои обӣ, ҳамраисии КБҲ –и Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об доир ба барнома ва консепсияи ҷаласаҳои конфронс ва соири масъалаҳои марбут ба баргузории ин чорабинии муҳим табодули назар карданд. КБҲ Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об бо мақсади омодагии ҳар чӣ бештар ҷиҳати баргузории конфронси байналмилалӣ созмон дода шуда, дар он ҳудуди 20 нафар олимону сиёсатшиносон, коршиносони институтҳои байналмилалӣ, намояндагони вазорату идораҳои кишвар шомиланд. Дар ҷаласаҳои КБҲ масоили омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об мавриди таҳлил ва баррасии амиқи аъзои кумитаи мазкур қарор гирифта, доир ба нақшаи чорабиниҳо, мавзуот ва дигар масоили вобаста ба гузаронидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об пешниҳоду андешаҳо ироа мешаванд. Бояд тазаккур дод, ки Маҷмааи кулли СММ соли 2010 пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эълон намудани соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро ба инобат гирифта, бо дастгирии якдилонаи кившарҳои аъзои ин созмони бонуфуз қатъномаи махсус қабул намуд, ки тибқи он Соли 2013- соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон гардид. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дар доираи Соли байналмилалӣ дар соҳаи об дар Душанбе-пойтахти Тоҷикистон гузаронида мешавад. Интизор меравад, ки баргузории конфронс дар масъалаи таҳкими ҳамкории кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҷиҳати истифодаи оқилонаи захираҳои обии дарёҳои фаромарзӣ ва ҳалли мушкилоте, ки дар ин самт вуҷуд доранд, дар доираи ҳамкориҳои устувор ва ҳусни ҳамҷаворӣ нақши муассир хоҳад гузошт.








Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд






