Маблағ барои таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон
Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар»). – Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Орд – Смит ва роҳбари намояндагии Созмони байналмилалии тиҷорат дар Тоҷикистон Тайма Курт созишнома дар бораи татбиқи барномаи ҳамкорӣ дар қад –қади сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро имзо намуданд. Тавре ки аз Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд, мақсад аз лоиҳаи арзишаш 1 миллиону 800 ҳазор доллари ИМА то моҳи марти соли 2015 мавриди истифода қарор додани маблағҳои зикршуда барои дастгирии муроҷиати ҳукуматҳои Тоҷикистону Афғонистон дар мавриди расонидани мадад ба афзоищи нерӯи хадамоти сарҳадиашон, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони маҳаллӣ, ҳалли масоили марбут ба фурӯши одамон ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошад. Лоиҳаи мазкур барқарор намудани ҳусни тафоҳум ва вусъат бахшидани имконоти сарҳадбонони Тоҷикистону Афғонистон, ҷомеаю иттиҳодияҳои шаҳрвандии сокини сарҳадҳо ба манзури коҳиш додани хавфу хатар дар минтақаро пешбинӣ менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






