Минтақаи хизматии милитсия дар Ховарон

Июнь 24, 2013 08:28

Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар» Махина Сафоева). — 21 июн дар маҳаллаи Ховарони пойтахт бинои нави Минтақаи хизматии милитсияи ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур мавриди истифода қарор гирифт. Дар маросими кушодашавии бинои нави Минтақаи хизматии милитсия вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов, раиси ноҳияи Шоҳмансур Самандар Бобоев ва дигар шахсони расмиву аҳли ҷамоатчигии маҳаллаи Ховарон иштирок намуданд. Рамазон Раҳимов кормандони милитсияро бо кушодашавии бинои мазкур табрик намуда, иброз дошт, ки фаъолияти милитсия бояд шаффоф бошад, то амнияти шаҳрвандонро таъмин намояд. Мавриди зикр аст, ки бинои мазкур аз 2 ошёна иборат буда, бо дастури вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон, сохта ба истифода дода шуд.

Июнь 24, 2013 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд