Муаррифии тарҷумаи китоби Э. Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо забони арабӣ
Душанбе, 24 июн (АМИТ «Ховар»).-Маросими муаррифии ин китоби арзишманди таърихӣ шоми рӯзи 24 июн дар толори бузурги меҳмонхонаи Шератони шаҳри Алкувайт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳайати расмии Тоҷикистон ва шумораи зиёди алоқамандони таъриху фарҳанги миллати бостонии тоҷик баргузор гардид.Муаллифи китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих», Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози маросим суханронӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт: “Ба иншои китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» даст заданам, тасодуф набуда, амри ногузири даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Дар ин даврони нав мо роҳи худшиносӣ ва эҳёи халқамонро пазируфта, ба мероси гузашта чун манбаи зиёбахши бунёди ҷомеаи нав ва ваҳдати мардуми кишварамон эҳтиром мегузорем”.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба забони арабӣ тарҷума ва чоп шудани чор ҷилди ин китобро “рӯйдоди муҳим дар ҷодаи густариши робитаҳои судманди илмиву фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои араб” номида, ба мутарҷимон ва ноширони он арзи сипосу қадрдонӣ намуд.Сипас Вазири иттилооти Давлати Кувайт, Сармушовири Девони Амир доктор Абдулло ал Маътук сухан гуфта, дастраси мардуми арабзабон гардидани ин китоби пурмуҳтаворо рӯйдоди пурарзиш номид.Муовини вазири авқофи Давлати Кувайт Одил Абдулло ал Фаллоҳ зимни суханронии худ, аз ҷумла ёдовар шуд, ки тоҷикон қадимтарин мардуми муқими Осиёи Марказӣ буда, фарзандони фарзонаи он дар ташаккул ва рушди тамаддуни инсонӣ ва исломӣ дар ин минтақа ва кулли ҷаҳон нақши намоён гузоштаанд.Дар маросими муаррифии китоби Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин Декани факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Кувайт Абдулҳодӣ Алаҷмӣ суханронӣ карда, нақши таърихии ин китобро басо баланд арзёбӣ кард.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






