Мулоқоти Э.Раҳмон бо Мири шаҳри Сямени Ҷумҳурии мардумии Чин Лю Кэтсин
Душанбе, 21 июн (АМИТ «Ховар»).- Бегоҳии рӯзи 20 июн Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Мири шаҳри Сямени Ҷумҳурии мардумии Чин Лю Кэтсинро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ташкил ва густариши ҳамкории Тоҷикистону шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла дар доираи бародаршаҳрии Душанбею Сямен баррасӣ шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз таассуроти наку ва натиҷаҳои боздиди худ аз ин шаҳр, ки моҳи июни соли 2012 сурат гирифта буд, ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуд, ки робитаҳои ду ҷониб судбахш хоҳанд буд. Таъкид гардид, ки муносиботи ба сатҳи стратегӣ расидаи Тоҷикистону Чин барои густариши ҳамкории гуногунҷанба заминаи мусоид эҷод намудааст.Лю Кэтсин иттилоъ дод, ки барои барпо намудани робитаҳои мустақими созанда ӯро дар ин сафар, ҳамчунин як гурӯҳ соҳибкорони бонуфузи шаҳри Сямен ҳамроҳӣ мекунанд.Зимни суҳбати самимӣ доир ба роҳҳои гуногуни ташкил ва густариши ҳамкорӣ, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои омодаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯй сурат гирифт.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






