Мулоқоти Н. Зоҳидов бо ҳайати Шӯрои иҷроияи UNDP, UNFPA ва UNOPS
Душанбе, 26 июн.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов ҳайати Шӯрои иҷроияи Барномаи рушди СММ (UNDP), Бунёди аҳолии СММ (UNFPA) ва Дафтари СММ оид ба хизматрасонии лоиҳаҳо (UNOPS)-ро 25 июн ба ҳузур пазируфт.Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо UNDP, UNFPA ва UNOPS, ҷалби СММ ба раванди ҳамгироии минтақавӣ бо мақсади таҳким ва тавсеаи бештари ҳамкории минтақавӣ, афзудани кӯмак дар амалисозии барномаҳои дарозмуддати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, масъалаҳои рушди устувори иқтисодӣ дар сатҳҳои милливу минтақавӣ, мавзӯи обу энергетика, ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва нақши СММ дар ҳамоҳангсозии фаъолият дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир дар Осиёи Марказиро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҳайати Шӯрои иҷроия пойбандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди расидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола баланд арзёбӣ кард. Ҷонибҳо ба муваффақияти Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки бино ба қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ 67/204 дар Душанбе 20-21 августи 2соли ҷорӣ баргузор мегардад, изҳори умедворӣ карданд. Дар интиҳо ҷонибҳо манфиатдор будани худро ба густариши хамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ таъйид карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






