Мулоқоти О.Оқилов бо роҳбарияти ширкатҳои ҷаҳонии истихроҷи нафт
Душанбе, 18 июн. (АМИТ “Ховар”). — Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо роҳбарияти ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ дар соҳаи иктишоф ва истихроҷи нафту газ, аз ҷумла президенти ширкати Тетис Петролиум Лимитед Дэвид Робсон, президенти Корпоратсияи миллии нафту гази Ҷумҳурии Мардумии Чин Бо Чилян ва ноиби аввали президенти ширкати Тотал оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Майкл Боррел мулоқот анҷом дод. Оқил Оқилов дар мулоқот бори дигар аз имконоту захираҳои иқтисодию саноатӣ ва гидроэнергетикии Тоҷикистон ёдовар шуда, аз роҳбарияти ширкатҳои мазкур даъват ба амал овард, ки дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои марбутаи Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузург дар самти иктишоф ва истихроҷи нафту газ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намоянд. Сипас, бо иштироки Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов маросими имзои созишномаҳои иловагӣ ба Созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Кулоб Петролиум Лимитед” баргузор шуд. Тавре дар оғози маросими имзои созишномаҳо Сарвазири мамлакат изҳор дошт: “Дар Тоҷикистон, ҳамчун кишвари бузурги дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, талаботи нафту газ асосан аз ҳисоби воридоти ин намуди маҳсулот аз хориҷи мамлакат қонеъ гардонида мешавад”.Ба созишномаҳои иловагии Созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Кулоб Петролиум Лимитед” аз ҷониби Тоҷикистон вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, аз ҷониби ширкати Тетис Петролиум Лимитед президенти он Девид Робсон, аз ҷониби Корпоратсияи миллии нафту гази Ҷумҳурии Мардумии Чин президенти Корпоратсия Бо Чилян ва аз ҷониби ширкати Тотал ноиби аввали президенти ин ширкат оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Майк Боррел имзо гузоштанд. Хотиррасон бояд шуд, ки тибқи Созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Кулоб Петролиум Лимитед” аз 13-уми июни соли 2008 ба Ширкати “Кулоб Петролиум Лимитед” ҳуқуқи анҷом додани корҳои иктишоф ва истихроҷи нафту газ дар минтақаҳои қарордод вогузор карда шудааст, ки ин минтақаҳо дар қисмати ҷанубу ғарбии Тоҷикистон дар масоҳати 37 ҳазору 487 километри мураббаъ ҷойгир шудаанд. Дар анҷоми маросим оид ба моҳият ва мақсаду ҳадафҳои имзои созишномаҳо дар ҳузури намояндагони васоити ахбори умум вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ ва роҳбарияти ширкатҳои мазкур бо изҳороти матбуотӣ баромад намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






