Мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Кувайт
Душанбе, 23 июн (АМИТ «Ховар»).-Масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории барои ҳарду ҷониб судбахш нахуст дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алхолид, Алҳамад Ассабоҳ баррасӣ шуд.Дар мулоқот масоили ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ баррасӣ шуд.Гуфтугӯйи судманд доир ба масоили минтақавию байналмилалӣ низ сурат гирифт.Бо ишора ба дӯстии самимии роҳбарони аввали ду кишвар ва ҳавасмандии устувор ба густариши ҳамкорӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт ба рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳо такони воқеӣ мебахшад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






