Мусоҳибаи Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзноманигорони кувайтӣ
Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои як гурӯҳ рӯзноманигорони маъруфи кувайтӣ посух гуфт.Хотиррасон бояд намуд, ки ин мусоҳиба, чун анъана, дар арафаи сафари давлатии қарибулвуқуи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт сурат гирифт.Гурӯҳи хабарнигорони кувайтӣ, ки бо намояндагӣ аз шабакаҳои маъруфи телевизионӣ, агентиҳои иттилоотӣ ва рӯзномаҳои ин кишвари арабӣ ҳузур доштанд, аз ҳадафҳои сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Кувайт, натиҷаҳои мунтазираи он, фазои ҳуқуқии сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, имконоти рушди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ пурсон шуданд.Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои хабарнигорони кувайтӣ посухҳои муфассалу густурда дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки боздиди навбатии ӯ аз Давлати Кувайт, ки мақоми давлатӣ дорад, «оғозбахши марҳилаи сифатан нав дар муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар хоҳад буд».
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






