Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми ФФТ

Июнь 21, 2013 11:21

Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар»). – 23 июн дар варзишгоҳи «Хайр» — и шаҳри Ваҳдат мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон оғоз меёбад. Мусобиқа дар ду давр, яъне даври пешакӣ ва даври ниҳоӣ сурат мегирад. Дар даври пешакӣ дар минтақаи шаҳри Душанбе, ки аз 23 то 28 июн дар варзишгоҳи «Хайр» — и шаҳри Ваҳдат баргузор мешавад, дастаҳои «Истиқлол», ССКА «Помир», «Хайр» ва «Кӯктош» иштирок менамоянд. Баъди анҷоми даврҳои пешакӣ ду дастаи беҳтарин аз минтақаҳои шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ба қисми нимфиналӣ ворид мешаванд. Ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бо 20 ҳазор сомонӣ ва дастаи мағлуб бо 10 ҳазор сомонӣ қадр карда мешаванд.Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Июнь 21, 2013 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад