Мусобиқаи мубоҳисавӣ «Ҷоизаи бозори озод — Бадахшон 2013»
Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). – 16 июни соли 2013 Маркази бозори озоди Тоҷикистон бо ҳамкорӣ ва дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Фонди Фридрих Науманн ва Фонди пажуҳишҳои иқтисодии «Атлас» аввалин маротиба мусобиқаи мубоҳисавии минтақавӣ «Ҷоизаи бозори озод — Бадахшон 2013»-ро, ки ба мавзуъҳои иқтисодӣ — масоили андозбандӣ, танзими давлатии иқтисодӣ, савдои байналмилалӣ бахшида шудааст, барои ҷавонони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ баргузор мекунад. Ҳадаф аз чорабинии мазкур афзун кардани донишҳои иқтисодии ҷавонон тавассути гузаронидани мубоҳисаҳо дар мавзуъҳои алоҳида мебошад. Мусобиқа аз рӯйи шакли парламентии амрикоӣ сурат мегирад.Мусобиқаи мубоҳисавӣ дар шаҳри Хоруғ бо суроғаи к. Ленин 109, Маркази ҷавонон ВМКБ баргузор мегардад. Оғоз соати 09:00








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






