Мусоидати Хадамоти муҳоҷират ба пардохти музди меҳнати муҳоҷирон
Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Бо мусоидати Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар ФР 650 ҳазор рубл музди меҳнати пардохтнашудаи як гуруҳи муҳоҷирони тоҷик баргардонида шуд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, бо дархости кӯмак дар баргардонидани музди меҳнат аз номи гуруҳи сохтмончиёни тоҷик шаҳрванд Қадамов Умед Раҳматуллоевич 3 июни соли равон ба дафтари Намояндагӣ муроҷиат карда буд.Дар аризаи худ У.Қадамов овардааст, ки бригадаи онҳо иборат аз 14 нафар дар ҳайати ҶММ «СМ-Строй» ш.Москва ба сифати танзимгар, васлгар, барқчӣ ва челонгар аз 4 декабри соли 2012 то 5 марти 2013 фаъолият намуда, дар як чанд иншооти сохтмонӣ корҳои гуногуни таъмиру сохтмониро иҷро кардаанд. Аммо бо сабабҳои номаълум ду моҳи охир музди меҳнати онҳо нопурра пардохт шуда, қарздории корфармо дар назди муҳоҷирон 650 ҳазор рублро ташкил медиҳад. Зимни баррасии ариза корманди Намояндагӣ Имматшо Қадамов бо роҳбари корхонаи «СМ_Строй» Владимир Смагин вохӯрӣ менамояд. Дар натиҷаи мулоқот бо корфармо сарфи назар аз мавҷуд набудани шартномаи меҳнатӣ тарафҳо оид ба пардохти пурраи музди меҳнати коргарон ба мувофиқа мерасанд.19 июн ба бригадаи сохтмончиёни тоҷик ба пуррагӣ музди меҳнат пардохта шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






