Намоишгоҳи маҳсулотҳои эронӣ дар пойтахт
Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар» Руқияи Боймамад).-Имрӯз дар Кохи “Борбад” 7-умин намоишгоҳи байналмилалии «ИнтерЛегПром-2013» оғоз шуд. Ба ин муносибат дар ин намоишгоҳ ширкатҳои калони Эрон маҳсулоти худро ба намоиш гузоштаанд. Намоишгоҳ бо ибтикори роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати кишвар ва намояндагони ширкатҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Яке аз ҳадафҳои асосии баргузор гаштани чунин намоишгоҳро Асаналӣ Карамалиев-муовини раиси Палатаи савдо ва саноати кишвар дар равнақи ҳамкориҳо миёни ширкатҳои эронӣ ва тоҷикӣ ва густариши ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон медонад.Муҳаммад Ҷамшедӣ – муовини раиси остони Хуросони Эрон мегӯяд: “Баргузор гаштани намоишгоҳҳои байналмилалӣ барои тақвияти дӯстии кишварҳои Тоҷикистону Эрон ва афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷоратии байни ин ду кишвар заминаи мусоиде фароҳам хоҳад овард.” Дар намоишгоҳ ҳамчунин чанд тан аз намояндагони ширкатҳои эронӣ иштирок доштанд, ки оид ба фаъолияти ширкатҳои худ маълумот доданд. Алии Носирӣ, намояндаи ширкати «Ниён Электрик» мегўяд, ширкати онҳо 6-сол пайи ҳам яке аз беҳтарин ширкатҳои эронӣ аз ҷиҳати ироаи хадамот ва пуштибонии муҳандисӣ шинохта шудааст.Намоишгоҳи мазкур рӯзи 8-уми июн анҷом меёбад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






