Натиҷагирӣ аз ҷаласаи Шӯрои Сарвазирони кишварҳои узви ИДМ
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- 31-уми майи соли равон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов иштирок кард. Қабл аз оғози ҷаласаи Шӯро Оқил Оқилов дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви ИДМ иштирок кард. Оқил Оқилов дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Беларус аз раванди иҷро нагардидани қарордодҳое, ки дар доираи ИДМ ба имзо расидаанд, изҳори нигаронӣ карда, дар баробари ин ҳамзамон таъкид бар он дошт, ки сол то сол дар самти қабули барнома ва қарододҳои муштараки байнидавлатӣ мураккабиҳои зиёд пеш омада. тадбиқи ҳуҷҷатҳои қабулгардида дар бештари ҳолатҳо аз ҷониби давлатҳои аъзо ба таъхир гузошта мешаванд. Бо тасдиқи ин гуфтаҳо Президенти Ҷумҳурии Беларус аз сарони ҳайатҳо даъват ба амал овард, ки дар раванди фаъолгардонӣ ва устувор нигоҳ доштани мавқеъ ва мақоми ИДМ ҳамчун асоси амнияту суботи минтақа ҳар чӣ бештар саҳм гузоранд. Дар шаҳри Минск ҳамзамон мулоқоти хоссаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Михаил Мясникович доир гардид. Дар мулоқот масоили аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ дошта ва дигар масъалаҳои марбут ба кори комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.Бо анҷоми ин мулоқотҳо Оқил Оқилов ҳамроҳ бо роҳбарони ҳайатҳои Арманистон, Беларус, Молдова, Озарбойҷон, Федератсияи Русия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Украина, Қазоқистон ва Қирғизистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои узви ИДМ, ки нахуст дар доираи ҳайатҳои маҳдуд ва сипас бо ҷамъи аъзои ҳайатҳо баргузор шуд, иштирок намуд. Дар ҷаласаи навбатӣ зиёда аз 30 масъалаи ҳаётан муҳими ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии иттиҳод мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба роҳбарони ҳайатҳо ҳисобот дар бораи ҷараёни татбиқи барномаи байнидавлатии ҳамкориҳои инноватсионӣ ва фаъолияти комиссия оид ба истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои сулҳомез пешниҳод карда шуд. Сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои узви ИДМ дар анҷоми нишасти худ як зумра санадҳои танзимкунандаи раванди ҳамгироиҳои байнидавлатӣ, аз ҷумла, Созишнома доир ба омори расмӣ дар самти ҳифзи муҳити зист дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва дар доираи Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Созишнома дар бораи эътирофи байниҳамдигарии ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти олии касбиро имзо намуданд.Кори ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои узви ИДМ дар нишасти матбуотӣ натиҷагирӣ карда шуд.Тавре ки таъкид гардид, ҷаласаи навбатӣ моҳи ноябри соли равон дар Федератсияи Русия баргузор хоҳад шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






