Наврасони «Истиқлол» — қаҳрамонони пойтахт
Душанбе, 28 июн. (АМИТ «Ховар»). – Дар варзишгоҳи «Ориён» мусобиқот оид ба футбол байни дастаҳои наврасони соли таваллудашон 2000 ва 2001 анҷом ёфт. Дар вохӯрии якуми нимфиналӣ футболбозони ҷавони мактаби ҷумҳуриявии варзиш ва дастаи «Истиқлол» вохӯрданд. Бозӣ бо ҳисоби 4 бар 2 ба фоидаи футболбозони ҷавони дастаи Истиқлол» анҷом ёфт. Дар вохӯрии дуюми нимфиналии байни дастаҳои «Солор» ва «Ҳоҷи Шариф» дастаи «Солор» бо ҳисоби 2 бар 1 ғалаба кард. Дар вохӯрии финалӣ дастаҳои «Истиқлол» ва «Солор» қувваозмоӣ намуданд. Ин вохӯрӣ бо ҳисоби 1 бар сифр ба фоидаи дастаи «Истиқлол» анҷом ёфт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






