Оғози сафари давлатии Э. Раҳмон ба Кувайт

Июнь 23, 2013 17:50

Душанбе, 23 июн (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди Давлати Кувайт шуд.Дар толори махсуси фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахти кишвар — шаҳри Алкувайт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ истиқбол гирифт. Барои истиқболи меҳмони олимақом дар фурӯдгоҳи Алкувайт, ҳамчунин Валиаҳди давлат Навоф Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ, Сарвазири кишвар Ҷобир Муборак Алаҳмад Ассабоҳ, Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷӣ шайх Сабоҳ Алхолид Алҳамад Ассабоҳ, Муовини аввали сарвазир, Вазири корҳои дохилӣ шайх Аҳмад Алҳамуд Алҷобир Ассабоҳ, Муовини сарвазир, Вазири мудофиа шайх Аҳмад Холид Алҳамад Ассабоҳ, Сармушовири Девони Амир доктор Абдулло Алмаътук ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доштанд.Маросими истиқболи расмии бахшида ба нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт дар толори бузурги фурӯдгоҳи байналмилалии Алкувайт баргузор гардид.Сарони ду давлат ҳамроҳ ба ин толори бошукӯҳ ворид шуда, сӯйи минбари ифтихорӣ равон шуданд.Ба ин муносибат дар толор ҷузъҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасии амирӣ ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб саф оростанд.Пас аз садо додани сурудҳои миллии ду давлат фармондеҳи горди фахрии амирӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод. Зимни гузаштан аз назди ҷузъҳои горди фахрии амирӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷониби Парчами давлатии Кувайт арзи эҳтиром намуд.Хотиррасон бояд намуд, Давлати Кувайт аввалин давлати арабӣ буд, ки Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1995 ба он ташриф бурда буд.Нахустин заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории миёни Тоҷикистону Кувайт ҳам зимни ҳамин сафар бо имзои 4 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла доир ба ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, савдо, илм ва техника, дар соҳаи иттилоот ва доир ба машваратҳои сиёсӣ, муҳайё гардида буд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон худи ҳамин рӯз бо Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ, Сарвазири кишвар Ҷобир Муборак Алаҳмад Ассабоҳ ва дигар намояндагони роҳбарии кишвар мулоқотҳои расмӣ анҷом медиҳад.Имзои қариб 10 санади нави ҳамкорӣ ҳам зимни ин сафар дар назар аст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 23, 2013 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд