“Оилаи солим чист?”
Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо маводи нашъадор дар якҷоягӣ бо намояндагони Кумита ва шуъбаҳои кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати шаҳри Душанбе, ноҳияҳои И.Сомонӣ ва Шоҳмансур, инчунин бо иштироки мутасаддиёни Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Оилаи солим чист?” семинари омӯзишию машваратӣ бо ҷавондухтарони мактаби таҳсилоти умумии № 42 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор намуданд.Дар семинар масъалаҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, роҳҳои пешгирӣ ва табобати шахсони мубталои бемории нашъамандӣ муҳокима гардида, ба иштирокчиён оид ба вазъи нашъамандӣ ва ВИЧ/СПИД дар ҶТ, намудҳои маводи нашъадор ва зарари онҳо маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.Дар навбати худ кормандони АНМН фикру ақида ва андешаҳои иштирокчиёни вохӯриро дар бораи таҳсил, пешгирии нашъамандӣ ва тарзи ҳаёти солим шуниданд.Инчунин дар вохурӣ ба иштирокчиён филми ҳуҷҷатии «Маро наҷот деҳ, очаҷон!» намоиш дода шуд, ки аз ҳаёти духтарони ҷавоне, ки дар зиндагӣ роҳи нодурустро интихоб кардаанд ва тақдири минбаъдаи онҳо нақл мекунад.Дар вохӯрӣ кормандони агентӣ ба хонандагон варақаҳои таблиғотӣ, буклет ва дигар маводи иттилоотӣ тақсим карданд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






