Омӯзиши танзими тарифи таъминоти оби нӯшокӣ ва фозилоб
Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бо ташаббуси Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва рушд дар шаҳри Душанбе барои кормандони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари таълимӣ дар мавзўи «Ташкили фаъолият ва системаи танзими тарифи корхонаҳои таъминоти оби нӯшокӣ ва фозилоб» баргузор гардид. Дар кори семинар роҳбари Барномаи оби Шӯрои директорони ҳифзи табиати Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва рушд Ксавье Лефлев, роҳбари лоиҳаи оби Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва рушд Татяна Ефимова, директори самти «Хоҷагии шаҳр»-и Пажуҳишгоҳи иқтисодии шаҳр Федератсияи Россия Сергей Сиваев, сармутахассиси самти «Хоҷагии шаҳр»-и Пажуҳишгоҳи иқтисодии шаҳр Федератсияи Россия Алексей Радионов ширкат варзиданд. Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Ҳамдам Тағоймуродов ба ҳозирин дар бораи фаъолият ва системаи танзими тарифи корхонаҳои обтаъминкунӣ ва фозилоб дар Тоҷикистон ва муҳимияти нақши Хадамот дар соҳаи мазкур маълумот дод. Дар рафти семинар масъалаҳои таъминоти оби нўшокӣ ва фозилоб дар давлатҳои Аврупои Шарқӣ, Қавқоз ва Осиёи Миёна, модели ташкили фаъолияти комплекси таъминоти оби нўшокӣ ва фозилоб, модел ва усулҳои танзими тарифҳои корхонаҳои таъминоти оби нўшокӣ ва фозилоб баррасӣ гардиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






