Омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ дар китобхонаҳои Точикистон

Июнь 26, 2013 16:23

Душанбе , 26 июн. (АМИТ «Ховар» Зарангез Латифова).- 25 июни соли ҷорӣ дар Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилоот бо ташаббуси ин китобхона ва Ширкати «CDRF GLOBAL»-и ИМА дар мавзўи «Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинар-тренинг баргузор гардид. Дар кори семинар 20 нафар мутахассисони соҳаи автоматикунонии китобхонаҳои донишгоҳӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва китобхонаи Муассиса ширкат варзиданд. Дар ҷараёни семинар-тренинг масоили ба роҳҳои ворид намудани иттилоот ва истифодаи маъхазҳои иттилоотии Китобхонаи илмии виртуалии Тоҷикистон дар муассисаҳои олӣ ва китобхонаҳои кишвар муҳокима гардид. Бояд гуфт, ки хазинаи Китобхонаи илмии виртуалӣ дорои зиёда аз 12,8 млн. мақола ва 16,5 ҳазор маҷалла буда, дар он манбаъҳои иттилоотии ҷаҳон, аз қабили Springer, Elsevir, DOAJ, Archiv.org, Cite Seer, NCTI, University Archive, High Wire Press, Agora, Hinari, AARE ва Research4Life гирд оварда шудаанд, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодабарии онҳо давоми 3 сол (2012-2014) ройгон аст.

Июнь 26, 2013 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад