Парки миллии Тоҷикистон шомили Феҳристи мероси умумиҷаҳонӣ шуд
Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Имрӯз -21 июн мувофиқи қатъномаи Сессияи 37-уми Комитети Мероси Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дар шаҳри Пном-Пени пойтахти Шоҳигарии Камбоҷа, аввалин номинатсияи табиии кишварамон “Парки милли Тоҷикистон” ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.Дар ҷаласаи имрӯзаи Сессияи 37-уми Комитети Мероси Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО сараввал ташреҳи ин пешниҳод аз тарафи мутахассисони Иттифоқи Байналмиллали ҳифзи табиат (IUCN) ироъа гардид. Зикр шуд, ки коршиносони Тоҷикистон ба таҳияи санадҳои ин пешниҳод масъулона муносибат намуда, санадҳоро тибқи талаботи Иттифоқи Байналмиллали ҳифзи табиат дар сатҳи илман асоснокшуда омода намуданд.Дар музокира намояндагони Япония, Эстония, Германия, Иттиҳоди Аморати Араб, Федератсияи Россия, Алҷазоир, Камбоҷа ва Франсия бо изҳори табрикот ёдовар шуданд, ки имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмиллали бо ташаббусҳои муҳими худ оид ба ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табии мавқеи сазоворро соҳиб гаштааст, аз ин ру дастгирии ворид намудани “Парки миллии Тоҷикистон” ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ба манфиати ҷомеаи ҷаҳон мебошад.Бо намояндагӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ – вазири фарҳанги Тоҷикистон, раиси Коммиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО аҳли сессияро барои дастгирии кишвари мо самимона сипосгузорӣ намуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






