Пушкинхонӣ дар Душанбе
Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 6 июн дар Маркази илму фарҳанги Русия воқеъ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи забони русӣ дар Тоҷикистон иди назм баргузор гардид. Дар ин бора аз Намояндагии Ҳамкории Русия дар Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, дар маросими ботантанаи оғози ин чорабинӣ иштирокдорони онро роҳбари Намояндагии Ҳамкории Русия дар Тоҷикистон Владислав Курнушко, усқуфи калисои шаҳри Душанбе Питирим, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова муборакбод намуданд. Ҳунарпешаи шоистаи Русия, овозхони Филармонияи давлатии академии Маскав Юрий Голишев меҳмони фахрии ин чорабинӣ буд. Намояндаи Ҷамъияти пушкиншиносон дар Тоҷикистон Татяна Герман аз вусъати ташвиқу тарғиби эҷодиёти Александр Сергеевич Пушкин дар ҷумҳурӣ нақл кард. Дар фарҷоми намоиши идона ғолибони озмунҳои эҷодӣ бо дипломҳо қадр карда шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






