Рӯнамоии «Куллиёти форсӣ»-и Муҳаммад Иқбол

Июнь 10, 2013 16:52

Душанбе, 10 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Куллиёти форсӣ»-и яке аз сухансароёни бузурги машриқзамин –Аллома Муҳаммад Иқбол (1877- 1938) имрӯз дар толори Академияи илмҳои Тоҷикистон бо ҳузури донишмандон, аҳли зиё ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон рӯнамоӣ гардид. Дар маросими рӯнамоии «Куллиёти форсӣ»-и Муҳамад Иқбол Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Амҷад Ҳуссайн Б. Сиал, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ, донишмандони шинохтаи тоҷик Кароматулло Олимов ва Алии Муҳаммадии Хуросонӣ доир ба робитаҳои ҳасанаи илмию фарҳангии Тоҷикистону Покистон, мақом, андеша ва мероси адабию илмии шоири тавоно ва миллии Покистон Муҳаммад Иқбол дар рушди тамаддуни башарӣ ибрози назар карданд. Зикр шуд, ки сухансарои бузурги Шарқ Аллома Муҳаммад Иқбол аз шахсиятҳои шинохтаи қарни 20 буда, бо андешаҳои озодихоҳӣ, бедории миллӣ, созанда ва муборизи худ дар таъсиси давлати миллии Покистон нақши муассир гузоштааст. Аллома Муҳаммад Иқбол ҳамчун шахсияти нотакрор, истеъдоди бесобиқа ва осори пурғановаташ дар таърихи тамаддуни фарҳанг ва ашъори исломии қаламрави забони форси тоҷикӣ нақши бориз ва мақом пояндае дорад. Шоир бо ашъори шурангезаш, ки бо забонҳои урду ва форсӣ эҷод мекард Шарқи мазлуми замонашро такон дода, ба пайравии шоирони бузурги форс Носири Хусрав, Мавлонои Балхӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ва Шайх Саъдии Шерозӣ шеър эҷод кардааст. Осори нотакрори Муҳаммад Иқбол дар Тоҷикистон маҳбубияти хоса дошта бори нахуст дар соли 1958 аз ҷониби шоири Халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар дар шакли маҷмуаи хурде бо номи «Шеърҳо» нашр шудааст. Соли 1966 «Паёми Машриқ» дар таҳияи М. Миршакар, инчунин солҳои 1978 «Садои Машриқ» ва 1987 «Пайғоми Шарқ» дар таҳияи Абдуллоҷон Ғаффоров чоп гаштаанд. Таъкид шуд, ки нашри «Куллиёти форсӣ»-и шоири забардаст Муҳаммад Иқбол дар Тоҷикистон падидаи неки фарҳангист барои дӯстдорони шеъри форсӣ. «Куллиёти форсӣ»-и Муҳаммад Иқбол аз ҷониби донишмандони шинохтаи тоҷик Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Шарафнисо Пӯлодова дар зарфи ду сол таҳия гардида, он аз нашри Кулиёти шоир, ки дар солҳои 1997 ва 2000 чоп гашта буданд, тафовут дорад. Зеро дар нашри навини Куллиёт аз маъхазҳои тоза осори Муҳаммад Иқбол гирдоварӣ шудааст.  Китоби «Куллиёти форсӣ»-и Муҳаммад Иқбол бо ибтикори Сафорати Покистон дар Тоҷикистон ва дастгирии молиявии намояндагии Бонки роҳнамои тиҷоратии давлатии Покистон дар Душанбе дар нашриёти «Somon Graf» бо теъдоди 1000 нусха бо ҳуруфоти кириллӣ чоп гардидааст.

Июнь 10, 2013 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад