Рустам Хоҷаев — сармураббии «Хайр»
Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар»). – Собиқ бозингари дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Рустам Хоҷаев, ки аз ин пеш вазифаи яке аз мураббиҳои дастаи «Истиқлол» — и шаҳри Душанберо ба ӯҳда дошт, ба ҳайси сармураббии нави дастаи «Хайр» — и шаҳри Ваҳдат тайин шудааст. Хотирнишон месозем, ки баъди дар даври чоруми мусобиқоти Тоҷикистон бозиро бо ҳисоби 1 бар 3 ба дастаи «Истиқлол» бохтани клуби «Хайр», сармураббии он Юсуф Абдуллоев истеъфо дода, ба ҷойи ӯ Исроил Идиев тайин шуда буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






