«Шаҳраки сарсабз» дар водии Рашт
Душанбе, 18 июн (АМИТ «Ховар»).- Ширкати «МегаФон» барои мардуми ноҳияи Тоҷикобод ва Ҷиргатол ҷашне таҳти унвони «Шаҳраки сарсабз» баргузор кард, ки дар чаҳорчӯби он иштирокдорон аз интернети мобилии босуръат ва бозии технологии пешрафтаи X-box ба таври ройгон баҳра бурда, дар мусобиқаҳои мухталифи варзишиву зеҳнӣ фаъолона штирок карданд ва дар натиҷа соҳиби тухфаҳо шуданд. Мутахассиси ширкати «МегаФон» барои донишомӯзони синфҳои 10 ва 11 мактаби таҳсилоти умумии №1 –и ноҳияи Ҷиргатол дар МегаДарс барои бачаҳо фарҳанги истифодаи телефони мобилӣ, рўйхати сомонаҳои муфид, китобҳои эллектронӣ ва онлайн олимпиадаҳоро тавсия дод. «Имрўз ман охирин имтиҳонамро супоридам ва барои дохил шудан ба донишгоҳ омодагӣ мегирам. Аз дарси имрўза огоҳ шудам, ки тариқи интернет дилхоҳ китоби электрониро пайдо кардан мумкин аст ва ман ҳатман аз ин имконият истифода хоҳам бурд». – мегўяд донишомўзи синфи 11 ноҳияи Ҷиргатол Музаффар Зубайдов . Як тоҷири фаъоли ноҳияи Тоҷикобод Маҳмудҷон Саидов, ки истифодабарандаи фаъоли интернет аст, мегўяд: «Ман бо ширкатҳои кишварҳои аврупоӣ ҳамкории густурда дорам, бино бар ин бояд доим дар иртибот бошам ва беҳтарин иртибот дар замони имрўза ин Интернет мебошад. Бо истифода аз интернети мобилии «МегаФон» масъалаҳои тиҷоратиамро ба таври фаврӣ ва бе мамоният анҷом медиҳам». Қобили тазаккур аст, ки иштирокдорони ин ҷашн имкон доштанд ба тарофаи «МегаФон Рашт», ки махсусан барои мардумони ин водӣ – аз Файзобод то Ҷиргатол тарҳрезӣ шудааст, пайваст шаванд. Тибқи муқаррароти ин тарофа муштариёни «МегаФн» имкон доранд дар дохили тарофа барои 20 дақиқа гуфтугў ҳамагӣ 6 дирам пардохт бикунанд. Пайвастшавӣ ба ин тарофа дар ҳар Маркази хизматрасонии ширкат имконпазир аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






