Шиносоии Президент бо кори корхонаи профилҳои алюминӣ
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар»).- Дар минтақаи озоди иқтисодии Суғди шаҳри Хуҷанд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози кори корхонаи истеҳсоли профилҳои алюминии ширкати Офарин Алюминиум иштирок намуд.Тавре зикр гардид, Офарин Алюминиум ширкати муштараки тоҷикию туркӣ буда, дар доираи татбиқи Барномаи давлатии коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз алюминии аввалия барои солҳои 2007-2015 таъсис ёфтааст.Корхонаи профилҳои аюминийи ин ширкат барои истеҳсоли қисмҳои алюминийи дару тиреза, витражҳо ва маводи конструксионӣ махсус гардонида шудааст.Дар сохтмони ин корхона ва воридоту васли таҷҳизоташ 13 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шудааст. Таҷҳизоти технологӣ сохти Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.Мавриди зикри хос аст, ки сӯзишвории асосии дар ин корхона истифодашаванда гази моеъ аст ва ин имкон медиҳад, ки маҳсулот камхарҷу арзон бошад.Дар марҳилаи аввал ин корхона ҳамасола 3000 тонна алюминийи аввалияро коркард карда, аз он профилҳои алюминӣ истеҳсол менамояд. Пас аз ба кор даромадани навбати дуюмаш иқтидори он ба коркарди 6 ҳазор тонна алюминийи аввалия баробар хоҳад шуд. Агар ба ҳисоби пулӣ гирем, ҳоло солона дар ҳаҷми 35-40 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол мешавад. Ҳоло дар ин корхона 70 кас бо корӣ доимӣ таъмин мебошанд ва ояндаи наздик бо ифтитоҳи коргоҳи дуюм шумораи ҷойҳои корӣ ба 150 кас мерасад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат дод, ки дар ҳамин ҷо, ҳамчунин истеҳсоли дару тирезаҳои тайёр ба роҳ монда шавад. Роҳбарияти корхона пешниҳоди Сарвари давлатро хуб пазируфта, уҳдадор шуданд, ки шумораи ҷойҳои кориро ба 300 мерасонанд.Роҳбарияти ширкати мазкур азм доранд, ки натанҳо бозори дохилиро бо профилҳои алюминӣ таъмин намоянд, балки содироти онро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






