Соҳибони ҷоизаҳои Айниву Турсунзода муайян шуданд
Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз, 19 июни соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии Раёсати Иттифоқи нависандагон баргузор гардид, ки дар қатори масъалаҳои эҷодиву ташкилии дигар, аз ҷумла озмун барои дарёфти ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ дар соҳаи наср ва Мирзо Турсунзода дар соҳаи назм ҷамъбаст гардид. Ба гирифтани ҷоизаҳои адабии ба номи устод Айнӣ нависандагон Насим Раҷаб ва Марямбонуи Фарғонӣ, ба гирифтани ҷоизаҳои ба номи устод Турсунзода шоирон Раънои Мубориз ва Давлат Сафар мушарраф гардиданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






