Таҷлили Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология

Июнь 26, 2013 17:27

Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар»). – Имрӯз дар Саридораи геология бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомад доир гардид. Сардори Саридора Азим Иброҳим қайд намуд, ки Ваҳдати миллӣ яке аз муқаддастарин ҷашнҳои мардуми Тоҷикистон аст, ки мардуми моро муттаҳид ва сулҳу амониро дар кишвар таъмин менамояд.Дар ҷамъомад ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов қайд намуд, ки Иди Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама бо ҷаҳду талоши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон имконият дод, ки дар як муддати кӯтоҳ дар ҷумҳурӣ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба вуҷуд оянд.

Июнь 26, 2013 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш