Таъмири обанбори Муъминобод
Кӯлоб, 3 июн. (АМИТ «Ховар», С.Холов). — Ҳанӯз дар нимаи дуюми асри бистум барои таъмини сокинони ноҳияҳои Кӯлобу Восеъ бо оби ирригатсионӣ дар ноҳияи Муъминобод обанборе сохта шуда буд, ки дар он ҳамасола аз 25 то 32 миллион кубометр об ҷамъоварӣ мешавад ва эҳтиёҷоти кишоварзони ноҳияҳои Кӯлобу Восеъро дар фаслҳои тобистону тирамоҳ бо оби ирригатсионӣ ҳал менамояд. Моҳи апрели соли ҷорӣ яке аз иншооти обтаъминкунии обанбори мазкур дар мавзеи Қулулуи ноҳияи Муъминобод бино бар асари омадани сел ва лағжиши замин хароб гардид. Мутахассисон баҳри ҳарчи зудтар бартараф намудани ин садама сафарбар гардидаанд ва роҳбарияти Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумхурии Тоҷикистон ба ҷараёни корҳо назорат мебаранд. Мувофиқи қоида мебояд ду тарафи чунин каналҳо ба масофаи на камтар аз 20 метр озод бошад, то ин ки мутахассисон бо истифода аз техникаи зарурӣ тавонанд чунин садамаҳоро дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин бартараф созанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






